Как отправить грузы самолетом из Москвы

Интиқоли асбобу бисоти хонаро ба шаҳри дигар хоҳиш доред? Шоу бо иштироки делфинҳоро ба сафари ҳунарӣ фиристодан мехоҳед? Мехоҳед як миқдор принтерҳоро аз Куриё дастрас кунед? Пианинои қадимро ба Итолиё таҳвил диҳед? Ҳамаи ин ва ҳама гуна дигар масъалаҳо ба туфайли фаъолияти ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба осонӣ ҳаллу фасл мешаванд: авиатсияи боркаш дао Москва  ҳамеша дар хизмати Шумост!

Мо бо ҳама гуна намудҳои боркашонӣ кор мекунем. Ба Шумо чиро таҳвил додан лозим бошад, мо ҳавопаймои заруриро пешкаш карда, аз оғоз то интиҳо интиқоли ҳавоиро ташкил менамоем:

  • ҳуҷҷатҳои замимашавандаро тартиб медиҳем,
  • борҳоро гирифта ба таври зарурӣ банду баст менамоем,
  • ба фурудгоҳ бурда мерасонем,
  • ба ҳавопаймо эҳтиёткорона бор карданро назорат мекунем,
  • дар макони таъинот истиқбол мегирем,
  • ба қабулкунанда дастрас мекунем,
  • банду бастро кушода ҳамаашро пайваст мекунем.

Шумо метавонед ба мо комилан бовар кунед, ки бори Шумо бо нигаҳдории аъло ба макони таъинот мерасад.

 

Интиқоли ҳавоии ҳавонот

Как отправить грузы самолетом из МосквыДар Москва таҳвили ҳавоии ҳайвонот талабот дорад. Сухан натанҳо дар бораи интиқоли гурбаю сагҳои хонагӣ, балки масалан ҳайвоноти сирк, баҳрӣ аз делфинарий, хазандаҳои террариум, меравад. Интиқоли онҳо ба воситаи нақлиёти автомобилӣ беандоза мураккаб буда, зиёди ҳайвоноти зикршуда ба чунин сафар тобовар нестанд. Ҳавопаймо ба осонӣ масъалаи мазкурро ҳаллу фасл мекунад: якчанд соат ва дастпарварони Шумо дар дигар шаҳр ё кишвар!

Мо кӯшиш менамоем, ки парвоз беҳад қулай ва форам гузарад. Дар канори киштии ҳавоӣ шахси мушоиаткунандаро барои нигоҳубини онҳо дар сафар ва шароити орому бароҳатро пешкаш менамоем. Барои ҳар як мусофири чорпо, мо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва иҷозатнома барои содироти ӯро дастрас менамоем.

 

Чӣ тавр таҳвили борҳоро тариқи ҳавопаймо фармоиш медиҳанд

Фармоиши хизматрасонии интиқоли ҳавоии борҳо дар Москва бисёр осон аст. Ба Шумо ҳатто аз сари компютер дур шудан, лозим нест. Танҳо паёмакро дар сайти мо ҷойгир намоед ё шакли фармоиши дархостро пур кунед. Ишораи зерин зарур аст:

– маконҳои оғоз ва интиҳои парвоз,

– санаи парвоз,

– таркиби борҳои интиқолшаванда,

– вазн ва ҳаҷми тахминии борҳо.

Менеҷер нархи эҳтимолии хатсайрро ҳисоб мекунад, аммо муайяншавии нархи ниҳоӣ баъди мувофиқаории муфассал анҷом дода мешавад.

 

Суғуртаи борҳо

Агар борҳо ниҳоят арзиши баланд дошта бошанд, масалан, асарҳои санъат, атиқафурушӣ, муқаддасоти оилавӣ, онро доимо суғурта карда метавонед. Албатта, ҳавопаймо яке аз воситаи бехатар ва боъэтимоди интиқол аст, аммо агар Шумо оиди таъмини бехатарии онҳо дар ташвиш бошед, бо ширкат шартномаи суғуртавӣ мебандед, дар ҳолати зарар гирифтани борҳо ё дигар нохушӣ, ширкати мазкур ҷубронпулии азимро пардохт менамояд. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба Шумо суғуртакунандагони боэътимодро тавсия медиҳад ва барои бастани шартнома бо рӯпӯши миқдори зиёди хавфҳои эҳтимолӣ кӯмак мерасонад.

 

Ҳавопайморо ҳозир фармоиш диҳед

Мо ҳам бо шахсони воқеӣ, ҳам бо ташкилотҳо ҳамкорӣ менамоем, дар ҳама ҳолат аз мизоҷони хусусӣ фармоиши инфиродӣ қабул мекунад. Бо вуҷуди хоҳиш мо метавонем шартномаи дурнамои ҳамкориро баста бошем: таҳвили борҳои мухталиф аз кишварҳои гуногунро ташкил менамоем, саволҳои логистикаро ба дӯши худ мегирем.

Ҳавопаймоҳҳо барои таҳвили хӯроквории тезвайроншаванда, гулҳо ва ғайра ивазнопазир мебошанд. Онҳо барои соҳибкороне, ки ба қадри  вақт мерасанд ва якчанд ҳафта интизории интиқоли бор тариқи баҳр, дар лаҳзае, ки бозорро рақибон забт кардаанд, дӯст намедоранд муҳим аст. Авиатсияи боркаш аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) барои муваффақият ва пешрафти тиҷорати Шумо кӯмак мерасонад!