Медицинская авиация в Москве

Хоҳиши фармоиши хатсайри ҳавоии тиббӣ дар Москва доред? Ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат намоед ва мо таъҷилан барои Шумо тамсилаи ҳавопаймои заруриро бо шарту шароити муфид дарёфт мекунем. Киштиҳои ҳавоии санитарӣ барои ҳадафҳои мухталиф зарур ҳастанд:

  • интиқоли беморони вазнин,
  • эвакуацияи осебдидагон аз мавзеи офатзада,
  • таҳвили беморон ба марказҳои эҳъё, осоишгоҳҳо ва курортҳо,
  • сафари ҳомиладорон дар ҳолати зоиш ё модарон бо кудакони навзод,
  • сафарҳои сайёҳии гурӯҳҳои калонсолон ва ғайра.

Медицинская авиация в МосквеДар баъзан ҳолатҳои фоҷеаовар на инсонро, балки ба макони дафн интиқоли тобути ӯ зарур аст. Чунин парвоз бояд таъҷилан ташкил карда, ба майит иззату ҳурмати дафн анҷом дода шавад.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар ҳамаи ин ҳолатҳо кӯмак мерасонад. Дар ҳолатҳои фавқулодда, баъди се соат пас аз фармоиши хатсайр парвозро таъмин менамоем. Аммо дар чунин ҳолат, албатта, хуб мешуд шитоб накунед ва ҳавопайморо қаблан фармоиш диҳед. Дар он маврид мо барои дарёфт намудани тамсилаи киштӣ бо нархҳои муфид ва бо назардошти хусусиятҳои мавҷуда, омодагӣ ба сафар ба Шумо кӯмак мерасонем.

 

Хизматрасониҳои асосӣ ва иловагӣ

Ба туфайли фаъолияти ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) авиатсияи тиббӣ дар Москва маҷмӯи хизматрасониҳои ба мизоҷон заруриро пешкаш мекунад. Мо ба таври зайл кӯмак мерасонем:

    • ташкили сафар «аз оғоз то интиҳо» дар ҳама ҳолат,

Медицинская авиация в Москве

  • бастани шартнома бо бемористони дилхоҳи ҷаҳон,
  • дар ҳолати зарурӣ дарёфти муассисаи тиббии дилхоҳ,
  • маҷмӯи ҳуҷҷатҳои барои беморро ҷамъоварӣ мекунем,
  • барои ҳамроҳии бемор духтур, ҳамшираи шафқат ва санитарро таъмин менамоем,
  • интиқол ба воситаи автомобили тиббӣ,
  • кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки парвоз барои ҳама бо ҳаловат гузарад, ҳатто барои шахсони мушоиаткунанда
  • ҳамаи мусофиронро бо раводид ва суғурта таъмин менамоем,
  • таъмини пайвандон бо ҳуҷра дар меҳмонхона,
  • ҳалли дигар масъалаҳои иловагии интиқол.

Киштиҳои ҳавоии тиббӣ дар бобати таҷҳизотҳои дохилӣ гуногун ҳастанд. Маъмулан, дар канори он палатаи беморхона ҷойгир аст, ки  ба шӯъбаи реаниматсия шабоҳат дорад. Дар ин ҷо ҳама таҷҳизот барои таъмини фаъолият ва ҳаёти бемор, расонидани ёрии зарурии тиббӣ, ҳатто дар ҳолати зарурӣ, гузаронидани ҷарроҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳолати зарурӣ хатсайрро ҳатман духтури соҳавӣ, ҳамшираи шафқат ва дигар мутахассисон ҳамроҳӣ менамоянд. Мо ба Шумо тамсилаи дилхоҳи ҳавопаймо ё чархболро интихоб менамоем!

 

Ҳавопайморо ҳозир фармоиш диҳед

Медицинская авиация в МосквеПӯшида нест, ки ҳатто дар пойтахт ҳоло беморхонаҳои хуб нокифоя мебошад, ки хизматрасонҳои тиббии аълосифатро пешниҳод намоянд. Хусусан ин масъала ба дигар шаҳрҳо ҳам таалуқ дорад. Баъзан ба беморон гузаронидани амалиёти ҷарроҳии мушкил зарур аст, ки духтурони рус барои гузаронидани он омода нестанд. Мутаассифона, ҳар сол чунин ҳодисаҳо афзуда истодаанд.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ва авиатсияи санитарӣ дар Москва имконияти парвоз ба беҳтарин беморхонаҳои Аврупо, Исроил ё ба ҳама кишварҳои ҷаҳонро амалӣ менамояд. Дар канори ҳавопаймо ҳамаи шарту шароит барои беморони вазнин, ҳатто касалони фалаҷшуда фароҳам оварда шудааст. Ҳар имконияти мавҷуд аст бояд истифода бурд ва баҳри барқарори саломатӣ сайю кӯшиш кард.

AVIAV TM (Cofrance SARL) дар миқдори интиқолҳои тиббӣ дар Аврупо пешсаф мебошад. Мо ҳам бо шахсони ҳуқуқӣ, ҳам бо шахсони воқеӣ ҳамкорӣ дошта, омода ҳастем бо беморҳонаҳо шатрномаҳои якмаротибагӣ ё доимиро бп имзо расонем. Дар пойгоҳи мо – ҳавопаймоҳо ва чархболҳои аз ҳама боэътимоди дорои таҷҳизотҳои муосири босифат васлшуда қарор доранд. Дар ҳолати зарурӣ хатсайрро ҳатман духтури соҳавӣ, ҳамшираи шафқат ва дигар мутахассисон ҳамроҳӣ менамоянд.

Шумо метавонед барои фармоиши хатсайр дархости худро бевосита дар сайти мо ҷойгир намоед ё бо менеҷер дар тамос шуда ҳолати худро баён намоед. Дар соати муқарраршуда ҷет барои парвоз омода аст!